"Хонаи рус"-и Душанбе заҳматкашони ақибгоҳро бо 8 март табрик кард

Ҳамаи ин занон дар замони оғози ҷанг наврас буданд ва мисли калонсолон бидуни хоб ва аксари вақт гурусна барои Ғалаба кор мекарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Кормандони “Хонаи рус” дар Душанбе дар остонаи Рӯзи байналмилалии занон ва модарон дар Тоҷикистон ба аёдати заҳматкашони ақибгоҳ рафта, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим карданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҳамаи ин занҳо дар замони оғози ҷанг наврас буданд ва мисли калонсолон ба хотири Ғалаба бе хоб ва аксаран гурусна кор мекарданд.
Ҳамин тариқ, ҷавонтарин собиқадор Екатерина Леонидова ва Мавлудахон Бахриддинова 93 сола мебошанд.
Маълум аст, ки Леонидова хануз дар синни 12-солагӣ касби тарошкорро ёд гирифта буд ва дар корхонаи низомӣ ба кор шуруъ кардааст. Бахриддинова дар хамин синну сол аввал ба пахтазор баромад.
Хуббинии заҳматкашони ақибгоҳ сардори намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушевро ба ҳайрат овард.
"Онҳоро муҳаббат ва муносибати мусбат ба зиндагӣ муттаҳид мекунад. Ва ҳеҷ яке аз онҳо аз мушкилот шикоят намекарданд, баръакс, орзуҳое доранд, ки нияти амалӣ кардани онро доранд. Ин сирри дарозумрии онҳост, ки мо бояд онро намуна гирем", - қайд кард ӯ.
Дар байни заҳматкашони ақибгоҳ Клавдия Коршунова 95-сола аст. Дар айёми наврасӣдар колхоз кор мекард.
Илова бар ин, кормандони “Хонаи рус” дар Душанбе ба аёдати Солеха Раҷабова ва Анна Гаврикова, ки ҳарду 99-солаанд рафтанд. Онҳо хамчун талабагони синфҳои боло ба ҷабҳа ёрӣ расонданд: онҳо баъди ақибнишинии қушунҳои фашистӣ зерсохтор бунёд намуда, дар колхозхо кор мекарданд.
Собиқадорони тоҷикро низомиёни пойгоҳи 201 бо солгарди муҳорибаи Курск табрик карданд
Қаблан низомиёни пойгоҳи низомии 201-уми Русия собиқадорони тоҷикро бо Рӯзи муҳофизони Ватан табрик намуда буданд.
Низомиён ба 4 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳ кумак расонида, ба онҳо бастаҳои ғизоӣ супурданда ба онҳо саломатии бардавом, умри дароз ва осмони осоишта таманно намуданд.