ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Ширкатҳои фармасевтии Куба метавонанд ба занҷирҳои истеҳсолии корхонаҳои муштарак дар кишварҳои узви ИИАО ҳамроҳ шаванд.
Дар ин бора Георгий Арзуманян, муовини директори департаменти сиёсати саноатии ИИАО хабар дод.
Намояндагони Комиссияи иқтисодии АвруОсиё бо роҳбарияти ширкатҳои Куба масъалаҳои рушди муштараки доруворӣ ва биотиббиро баррасӣ карданд.
Мавзӯи аслии мулоқот рушди ҳамкориҳои кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Куба дар соҳаи дорусозӣ, роҳандозии ҳамкориҳо, инчунин масъалаҳои интиқоли технологияҳо, ҳамкории мақомоти миллии танзимкунанда, аз ҷумла оид ба масъалаҳои танзими бозор ва гардиши маводи доруворӣ дар доираи Иттиҳод буд.
"Имконияти истифодаи платформаҳои технологии Авруосиё ва механизми кӯмаки молиявӣ барои лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ тавассути шомил кардани корхонаҳои муштарак ба занҷирҳои истеҳсолии кишварҳои узв бо иштироки ширкатҳои Куба метавонад як қадами амалӣ дар роҳи наздик кардани кишварҳои мо дар соҳаи таҳия ва истеҳсоли муштараки доруҳои баландтехнологӣ ва биофарматсевтика гардад", - гуфт Георгий Арзуманян.
Дар идома роҳбари ҳайати Куба, ноиби аввали президенти BioCubaFarma Эулогио Пименте Васкес, иқтидори баланди рушди ҳамкориро байни корхонаҳои кишварҳои узви ИИАО ва Куба дар самти ҳамкориҳои сармоягузорӣ, интиқоли технология ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак қайд намуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои баррасии минбаъдаи масъалаҳои ояндадор дар формати мақсаднок изҳор намуданд.