ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон аз оғози фаъолияти Гурӯҳи корӣ оид ба муаррифӣ ва баррасии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 хабар дод.
Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран дар вазорат бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Роғун, Ваҳдат ва ноҳияҳои Файзобод, Варзоб муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои мазкур дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 баргузор гардид.
Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Восидиён Фарҳод Саъдулло қайд кардааст, ки мақсад ин гӯруҳи корӣ дарёфти манбаъҳои нави рушд, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти озӯқаворӣ, истифодаи самараноки имконияту захираҳои мавҷуда, ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва фаъол гардонидани иқтидорҳои амалкунанда ва дар маҷмӯъ таъмини рушди иқтисоди кишвар мебошад.
Инчунин қайд гардид, ки ҳангоми таҳияи дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 муқаррароти консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва барномаҳои минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба инобат гирифта шаванд.
Дар ин раванд аз ҷониби мақомоти Варзоб, шаҳри Роғун, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2026 ва параметрҳои асосии он барои солҳои 2027-2028 муаррифӣ карда шуд.
Баъд аз муаррифӣ нишондиҳандаҳои пешниҳодгардида мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз натиҷаи ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардид.
Қайд карда шудааст, ки тибқи нақшаи кории тасдиқгардида баргузории муаррифии дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳо дар моҳҳои март ва апрел анҷом дода мешаванд.