Сафир: Эрон омодаи ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар бахши фановарист

Сафири Эрон Дар Душанбе дар дидор бо вазири саноати кишвар ҳамкории ширкатҳои хусусии фановарии эронӣ бо ширкатҳои тоҷикиро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Алиризо Ҳақиқиён, сафири Эрон дар Душанбе бо Шералӣ Кабир вазири санъат ва фанновариҳои навини Тоҷикистон мулоқот кард, иттилоъ додааст сафорати Эрон дар кишвар.
Ба иттилои сафорат, дар ин дидор вазири санъати Тоҷикистон бо ишора ба сафари ахири худ (ҳамроҳи нахусти вазир) ба Теҳрон, пешрафтҳои Эрон дар ҳавзаи фанновариҳои навинро фавқулода ва таҳсинбарангез хонд.
Шералӣ Кабир ҳамкории ширкатҳои хусусии фановарии эронӣ бо ширкатҳои тоҷикӣ ва мушорикати онҳо дар ҳамоишҳои тахассусӣ дар Тоҷикистон ба вижа дар ҳавзаҳои санъат ва маъдан, нассоҷӣ, саноеъи дастӣ, ҷавоҳирсозӣ, таҷҳизоти пизишкӣ ва дорусозиро ҳоизи аҳамият донист ва бар лузуми афзоиши ҳамкории байни тарафайн дар ин арсаҳо таъкид кард.
Меҳмонон аз Эрон: Омодагии мақомоти Тоҷикистон барои қабули хориҷиён дар ҷашни Наврӯз
Дар навбати худ оқои Ҳақиқиён сафари ахири раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистонро муваффақиятомез хонд ва онро муҷиби гушудани фасли ҷадид дар тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои ду кишвари дӯсту бародар тавсиф кард.
Вай омодагии ширкатҳои тавонманди эронӣ барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои тоҷикиро мавриди таъкид қарор дод.
Дар ин дидор даъватномаи ба вазир барои ширкат дар намоишгоҳи тавонмандиҳои содиротӣ “ Эрони Экспо 2025” ба Шералӣ Кабир ироа шуд.