Парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Қирғизистон аз сар гирифта мешаванд

Дар мулоқоти васеи Қоҳир Расулзода ва Одилбек Қосималиев масъалаи роҳандозии парвозҳои мунтазам, аз ҷумла парвозҳои ҳавоӣ баррасӣ шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси Девони вазирони Қирғизистон Одилбек Қосималиев ҷаласаи васеъ баргузор карданд.
Девони вазирони ҷумҳурии ҳамсоя хабар дод, ки мулоқот дар чаҳорчӯби сафари сиёсатмадори қирғиз ба Душанбе сурат гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо ба азсаргирии равобити мунтазами ҳавоӣ ва нақлиётӣ миёни кишварҳо дахл кардаанд.
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Раиси Девони вазирони Қирғизистон ба Тоҷикистон омад
Ин тасмим ба густариши равобити дуҷониба имкон медиҳад. Раиси Девони вазирон — роҳбари дастгохи президенти Қирғизистон Одилбек Қосималиев ба Душанбе омад. Ӯ бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, ки камтар аз як ҳафта пеш парлумони Қирғизистон тарҳи созишномаҳо дар бораи марз бо Тоҷикистонро тасвиб кард.
Шаш кумитаи тахассусӣ се санади муҳими миёни Бишкек ва Душанберо ба мувофиқа расониданд. Ин созишномаҳо низ бояд дар парлумони Тоҷикистон баррасӣ шаванд.