Барфи шадид ва тарма ягона роҳи пайвандгари ҷанубу шимоли Тоҷикистонро баст

Дар ҳоли ҳозир кормандони ширкати IRS оқибатҳои тармафароиро пурра бартараф ва роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард менамоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Барфрезии шадид дар роҳи Душанбе - Чаноқ ва фаромадани тармаҳо боиси маҳдудияти ҳаракати нақлиёт дар ин масир шудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД”, ки нигоҳдории роҳи Душанбе-Чаноқро бар уҳда дорад, феълан ҳаракати тамоми намуди нақлиёт манъ карда шудааст.
"Бинобар то ҳол мавҷуд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан маҳдуд карда шуд",- афзудааст манбаъ.
Ба иттилои ширкат, дар масир дар умум 13 тармаи хурду калон фаромада, бо кӯмаки кормандони мо 7 мошин аз зери он раҳо гардид, хушбахтона, талафоти ҷонӣ нест.
Гуфта мешавад, ки баландии барф дар баъзе қитъаҳои роҳи мазкур ба 60 сантиметр расидааст.
Ҳушдори обуҳавошиносон: Дар Тоҷикистон ҳаво сард мешаваду барфу борон меборад
Дар ҳоли ҳозир кормандони IRS оқибатҳои тармафароиро пурра бартараф ва роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард менамоянд.
Ин ширкат ба ронандагон муроҷиат кардааст, ки аз кушода шудани роҳ, ҳатман дар соатҳои наздик хабар хоҳад дод.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта низ ин масир дар пайи боришоти зиёди барф ва тармарезӣ барои муддати муаян баста шуд.