ДУШАНБЕ, 1 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмун барои дарёфти гранти президент эълон гардид, хабар медиҳад Вазорати меҳнат, муҳоҷира ва шуғли аҳолӣ.
Манбаъ афзуд, гранти президент барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ таъсис дода шуд.
Бояд гуфт, ҷамъан 20 гранти президент барои соли 2025 ҷудо гардидааст ва ҳар як гарнт ба андозаи то 25000 сомонӣ барои дастгирии ҳунармандон ва рушди ҳунармандӣ равона карда мешавад.
"Бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ барои эҳё, ҳифз ва рушди соҳаи ҳунармандӣ ва ҳавасмандгардонии ҳунармандон 20 гранти президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ҷудо карда мешавад", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ, Комиссияи босалоҳият таъсис дода мешавад ва грантҳо ба ҳунармандоне ҷудо карда мешаванд, ки лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи онҳо барои рушди фаъолияти ҳунармандӣ нигаронида шудаанд.
Аз ҷумла ба омӯзиши касбҳои ҳунармандӣ, навоварӣ ва ташаббускорӣ дар эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, омӯзишу тарбияи шогирдон ва таъсиси мактаби ҳунармандӣ таваҷҷуҳ дода мешавад.
Вазорати мегӯяд, муҳлати пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба озмун аз 1 март то 1 апрели соли 2025 мебошад.