ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Созишномаи тиҷорати озод, шарикии иқтисодӣ бо Эронро ба сатҳи сифатан нав мебарад.
Дар ин бора Андрей Слепнев, вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар Намоишгоҳи III байнулмилалии "АвруОсиё" дар Теҳрон изҳор дошт.
Дар ин чорабинӣ раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пезешкиён ва вазири саноат, маъдан ва тиҷорати Эрон Муҳаммад Отабак низ ширкат доштанд.
Тавре оқои Слепнев таъкид кард, барои татбиқи имкониятҳои нав ба роҳ мондани ҳамкории муассир дар сатҳи байнидавлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ муҳим аст.
"Мо ба ин чорабинӣ аҳамияти хоса медиҳем ва омода ҳастем, ки ба ҳама саволҳое, ки аз ҷониби доираҳои соҳибкорӣ дода мешаванд, фавран посух гӯем. Якҷоя бо ҳамкорони эронӣ мо тамоми маълумоти заруриро пешниҳод хоҳем кард, то доираҳои тиҷоратии ИИАО ва Эрон аз бартариҳои Созишномаи нав ба таври васеъ истифода баранд", - таъкид кард Слепнев.
Андрей Слепнев бо Атобек оид ба омода намудани харитаи роҳ барои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯ ва ба мувофиқа расиданд.
Вазири Комиссияи иқтисодии АвруОсиё қайд кард, ки самтҳои ояндадор, аз қабили соддагардонии расмиёти гумрукии сарҳадӣ, кооператсияи саноатӣ, рафъи монеаҳои техникӣ дар тиҷорат, ҳамкорӣ дар соҳаи танзими СФС ва тиҷорати электронӣ мебошад.
Қаблан Алексей Оверчук-муовини нахуствазири Русия пешниҳод карда буд, ки кишварҳои ҳавзаи Хазар ба наздикшавӣ бо Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) таваҷҷӯҳ кунанд.