ДУШАНБЕ, 25 фев — Sputnik. Созишномаи тиҷорати озод ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Эронро ба сатҳи сифатан нав мебарорад.
Дар ин бора вазири савдои Иттиҳодияи Иқтисодии Авруосиё Андрей Слепнёв дар Намоишгоҳи III байнулмилалии "Авруосиё" дар Теҳрон изҳор дошт.
Дар ин чорабинӣ раисиҷумҳури Эрон Масъуд Пезешкиён ва ҳамчунин вазири саноат, маъдан ва тиҷорати ин кишвар Муҳаммад Атобак ширкат доштанд.
Ба гуфтаи вазири КИАО, барои татбиқи имкониятҳои нав роҳандозии ҳамкориҳои муассир дар сатҳи байнидавлатӣ ва доираҳои соҳибкорӣ муҳим аст.
"Бинобар ин мо ба ин чорабинӣ аҳамияти хоса медиҳем ва омода ҳастем, ба ҳама саволҳои доштаи доираҳои тиҷоратӣ дар якҷоягӣ бо ҳамкорони эронӣ ҳама маълумоти заруриро пешниҳод хоҳем кард, то доираҳои тиҷоратии ИИАО ва Эрон аз бартариҳои Созишномаи нави пурра истифода баранд", - таъкид кард Слепнёв.
Ӯ ҳамроҳи Муҳаммад Атобак тадбирҳои зарурии иҷрои Созишномаро моҳиятан муҳокима кард. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки харитаи роҳро барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн омода созанд.
"Боварӣ дорам, ки харитаи роҳ метавонад самтҳои ояндадорро, аз қабили содагардонии расмиёти гумрукии сарҳадӣ, ҳамкориҳои саноатӣ, рафъи монеаҳои техникӣ дар тиҷорат, ҳамкорӣ дар соҳаи танзими устувории молиявӣ ва тиҷорати электрониро дар бар гирад", - мегӯяд вазири КИАО.
Харитаи роҳ бояд то замони баргузории ҷаласаи аввали кумитаи муштарак, ки ҳамчун як платформаи ниҳодина барои баррасии ҳама гуна масъалаҳои марбут ба фаъолияти Созишномаи васеъмиқёси тиҷорати озод байни ИИАО ва Эрон, инчунин рушди минбаъдаи муносибатҳои тарафҳо дар заминаи татбиқи мақоми нозир, ки ба наздикӣ ба Эрон дар созмон дода шудааст, таҳия шавад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон дар бораи таъсиси минтақаи тиҷорати озод 25 декабри соли 2023 созишнома баста буданд.