Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар тӯли 10 сол чӣ гуна тағйир ёфт?

ММД-и Тоҷикистон пай дар пай меафзояд - дар даҳсолаи охир нишондиҳандаи асосии иқтисодӣ беш аз се баробар афзудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ Тоҷикистон то охири соли 2024 бештар аз 154,3 миллиард сомонӣ буд.
Дар ин бора Вазорати рушди иктисод ва савдои Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ҷаласаи ҳукумат Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода низ ҳамин рақамҳоро расонаӣ кард.
Ба гуфтаи вай, соли гузашта ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023 қариб 22,6 миллиард афзоиш ёфт.
Барои мисол, 10 сол пеш, дар соли 2015 маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ҳамагӣ 51 миллиард сомониро ташкил медод.
Афзоиши ММД-и Тоҷикистон давоми 10 сол
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Бонки аврупоии таҷдиду Рушд (БАТР) рушди ММД-и Тоҷикистонро дар соли 2025 пешгӯи карда буд.
Бар асоси маълумоти таҳлилӣ, чунин бармеояд, ки афзоиши ММД дар кишвар дар соли 2024 8% ва дар соли 2025 7% хоҳад буд, мегӯянд коршиносони бонк. Ба гуфтаи коршиносон, ин ба далели афзоиши сармоягузорӣ ба инфрасохтор ва талаботи дохилӣ сурат хоҳад гирифт.