ДУШАНБЕ, 22 фев — Sputnik. Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) метавонад дар оянда дар G20 ҷой пайдо кунад, гуфт вазири хориыаи Русия Сергей Лавров.
Тавре оқои Лавров зимни нишасти хабарӣ дар пайи нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои G20 дар Африқои Ҷанубӣгуфт, ИИАО динамикаи рушди мусбатро нишон дода, барои рушди робитаҳои иқтисодии ҷаҳон сармоягузорӣ мекунад.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, Маскав бар ин назар аст, ки дар марҳалаи муайян ИИАО метавонад барои гирифтани мақоми узви комилҳуқуқи G20 муроҷиат кунад.
Лавров барои тасдиқи суханони худ ба мисоли Иттиҳодияи Африқо (ИА), ки аз соли гузашта узви Гурӯҳи бист шуд, ишора кард.
Ҳамзамон, вазири рус қайд кард, ки Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё мисли Иттиҳодияи Африқо аз ҷиҳати саҳми ин иттиҳодияҳо дар рушди муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ динамикаи мусбат нишон медиҳад.