Дар шаҳри Душанбе президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Тавре Хадамаоти матбуоти раисҷумҳур хабар додаст, президенти Тоҷикистон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукуҳи 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуд.
Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён дошт.
Роҳбари давлат ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ — афсарону сарбозонро самимона шодбош гуфт.
Баъди суханронии президенти кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.
Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти беш аз 10 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ ҳусни анҷом ёфт.