ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Маҳмадтоир Зокирзода гуфт, ки имрӯз Парлумони Тоҷикистон дар баробари Ассамблеяи парлумонии Осиё дар кори Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, Ассамблеяи парлумонии СПАД, Ассамблеяи парлумонии САҲА ва дигар сохторҳои байнипарлумонӣ иштироки фаъол дорад.
Вай дар ҷаласаи 15-уми пленарии Ассамблеяи парлумонии Осиё, ки 19-20 феврал дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор гардид, ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон таъкид кард
“Мусоидат ба таъмини сулҳи устувор, субот ва зиндагии осоишта дар саросари ҷаҳон яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад”, - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки Пешниҳоди Президенти Тоҷикистон дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи Умумии СММ оид ба қабули қатъномаи махсус "Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда" маҳз ҳамин ҳадафҳоро дар бар мегирад.
Тазаккур дода шуд, ки дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об ва иқлим нақши пешбари давлати моро дар татбиқи рӯзномаи об ва иқлим дар сатҳи байналмилалӣ ифода мекунад.
"Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд, — қайд кард Маҳмадтоир Зокирзода.
Вай афзуд, ки бо ин қатънома Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки шуруъ аз соли 2025 ҳамасола таҷлил мешавад, муқаррар гардида, Фонди мақсаднок оид ба ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд.
Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор намуд, ки моҳи май дар шаҳри Душанбе нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо баргузор мешавад ва аз ҳайатҳои давлатҳои шарику созмонҳои байналмилалию минтақавӣ даъват намуд, ки дар кори конфронс фаъолона иштирок намоянд.
Дар идома гуфта шуд, ки бо ибтикори Тоҷикистон ва Фаронса Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2025-2034-ро Даҳсолаи амал барои илмҳои яхшиносӣ эълон намуд.