ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ахиран дар вилояти Суғд ҷаласаи кории Комиссияи байниидоравӣ дар умури муқовимат ба савдои одамони Ҳукумати Тоҷикистон бо аъзоёни ҳудудии комиссияи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гашт.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар ин ҷаласа мушовири Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Солиев Карим қайд намуд, ки Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон муборизаи беамон бурда ба ҳаргуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон дар дохил ва хориҷи кишвар вокуниш нишон медиҳад.
Ба гуфтаи вай, фаъолияти густурда ва ба мавриди Комиссияи ҳудудии байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди ҳукумати шаҳру ноҳияҳо имконият медиҳад, ки ин падидаи номатлуб ҳарчи бештар коҳиш ёбад.
“Ҷабрдидагон ва қурбониёни савдои одамон аз ғамхорию дастгирӣ бархурдор шуда ҳуқуқу озодӣ ва ҳаёту саломатиашон ҳифз карда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа медиҳад”, - қайд кардааст масъулини ВКД.
Дар ин ҷаласа қайд карда шуд, ки меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ бо истифодаи таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам ё фиреб намудҳои паҳнгаштаи савдои одамон дар замони имрӯз мебошад.
Қайд карда шуд, ки гурӯҳу ташкилотҳои муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади ба даст овардани даромади пулӣ ва дар ин замина роҳандозии ҳадафҳои ҷинояткорона, ба савдои одамон даст зада, нафарони зиёдро бо роҳи ҳавасмандкунии молиявӣ, даромади пулӣ, ваъдаи пардохти музди маоши баланд дар давлатҳои хориҷӣ фирефта карда, ҳадафҳои нопоки худро амалӣ менамоянд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ барои коҳиш додани савдои одамон, хусусан занону кӯдакон, барои баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии башарият оид ба оқибатҳои фалокатбори истисмори савдои одамон чораҳои зарурӣ меандешад.
“Тоҷикистон низ дар ин раванд истисно набуда ҳамагуна амалро, ки ба поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон оварда мерасонад маҳкум менамояд”,- қайд кард Солиев Карим.
Ҳамчунин аз ҷавонон даъват карда шуд, ки дар муносибатҳои ҷамъиятӣ эҳтиёткор бошанд ва зиракиро аз даст надода худро аз ҳаргуна бархурдҳои зиёновар ҳимоя кунанд.
“Пеш аз ҳама барои расидан ба ин ҳадаф зарур аст шахс танҳо аз роҳи қонунии сафар ба хориҷа ва муҳоҷирати корӣ истифода барад”, -гуфт маъулини ВКД.