ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Абдулматин Қонеъӣ, сухангӯии вазорати дохилаи Толибон* аз кишварҳои ҳамсоя ва минтақа хост, ки дар пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир ба Афғонистон, ҳамкорӣ кунанд.
Қонеъӣ дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии “TOLOnews” аз кишварҳои минтақа ба вижаи кишварҳои ҳамсояи хостор ҳамкорӣ шуд то дигар қочоқ сурат нагирад.
Вай муддаӣ шуд, ки Афғонистон аз ин кишварҳо дар бахшҳои амнияту маводи мухаддир зарар дидааст.
Сухангӯии вазорати дохила таъкид кард, ки кишти хашхош ва тавлиди маводи мухаддир дар Афғонистон мамнӯъ шуда ва талошҳо барои нобудии комили он идома дорад.
Вазорати дохилаи Толибон* дар ҳоле аз кишварҳои ҳамсоя дар хусуси вуруди маводи мухаддир интиқод мекунад ки пеш аз ин, бархе ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои ҳамсоя аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба кишварҳои минтақаи иброз нигаронӣ карда буданд.
Пештар дафтари мубориза бо маводи мухаддир ва ҷароими СММ (UNODC) бо нашр гузорише гуфта буд, ки дар соли 2024 дар Афғонистон 433 тонн тарёк тавлид шуда, ки дар муқоиса бо соли қаблӣ афзоиши 30 дарсадиро нишон медиҳад.
*-Гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.