ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Муовини аввали сарвазири Русия Денис Мантуров қоидаҳои нави вуруди ширкатҳои хориҷӣ ба бозори Русияро шарҳ дод, иттилоъ додааст хабаргузории ТАСС.
Ба гуфтаи оқои Мантуров, дастрасӣ танҳо ба ширкатҳое дода мешавад, ки Русия бо онҳо манфиати стратегӣ дорад.
“Дар баробари ин, афзалият дар соҳаҳои асосии саноат, ки соҳибихтиёрии технологии кишварро муайян мекунанд, ба истеҳсолкунандагони ватанӣ ва ширкатҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё дода мешавад”, -гуфт ӯ.
Мантуров таъкид кард, ки низоми хариди давлатӣ ва тадбирҳои пуштибонӣ дар посух ба фишори таҳримҳо ба дигаргуниҳои ҷиддӣ дучор шуда, ба истеҳсолкунандагони Русия ва АвруОсиё бартарии ҳалкунанда фароҳам меорад.
Барои лоиҳаҳои муштарак бо шарикони хориҷӣ шароити қатъӣ барои маҳаллисозӣ, интиқоли технология ва назорати самараноки иштирокчиёни рус муқаррар карда шудааст.
Ин сиёсат, ба гуфтаи Мантуров, бояд бетағйир боқӣ монад ва ширкатҳои хориҷӣ ҳангоми тарҳрезии фаъолияти худ дар бозори Русия онро бояд ба назар гиранд.
Имрӯз вазири саноат ва савдои Русия Антон Алихонов дар ҳошияи Форуми технологияҳои оянда изҳор дошт, ки Русия омадани ширкатҳои хориҷиро "бо оғӯш и боз " мунтазир нест.
Ба гуфтаи ӯ, саноати Русия пас аз рафтани брендҳои хориҷӣ барои рушд имкониятҳои бузург пайдо кардааст ва хоҳиши даст кашидан аз он вуҷуд надорад.