ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Сухангӯи Кохи Кремлин Дмитрий Песков ахиран ба расонаҳо хабар дод, ки музокироти президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп метавонанд то охири моҳи феврал баргузор шаванд.
“Матбуоти ғарб бисёр менависанд, расонаҳои мо бисёр менависанд. Шояд, шояд не”, — посух дод ӯ ба суол.
Песков афзуд, ки мулоқоти раҳбарон аз вазорати корҳои хориҷӣ омодагии муайянро талаб мекунад.
Гуфтушунид дар Риёз
Ёдовар мешавем, ки музокироти Русияву Амрико ахиран дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ баргузор шуд, ки он 4,5 соат идома кард.
Аз ҷониби Русия дар ин мулоқот вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков ширкат доштанд. Вашингтонро дар ин нишаст котиби давлатӣ Марко Рубио, мушовири амнияти миллӣ Майк Волтс ва фиристодаи вижа раисҷумҳури Амрико дар Ховари Миёна Стивен Виткофф намояндагӣ карданд.
Тавре Ушаков қайд кард, дар ин ҷаласа масъалаи оғози музокироти сулҳ дар Украина буд. Пас аз ин мулоқот ҳайатҳо Русия ва Амрико дар бораи созиш барои ҳалли муштараки мушкилот ва омодагӣ ба мулоқотҳои навро эълон карданд.