Аҳмадзода аз номи Раҳмон ба 10 оилаи ниёзманд дар шаҳри Конибодом хона тақдим кард

Раиси вилояти Суғд аз номи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба оилаҳои камбизоати шаҳри Конибодом калиди хонаҳо супорид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Дар шаҳри Конибодом ба 10 оилаи ниёзманд хонаҳои нав супорида шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
“Барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа дар шаҳри Конибодом ба 10 оилаи ниёзманд хонаҳои нав супорида шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан аз номи президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон калиди хонаҳоро ба оилаҳои ниёзманд супорид.
Раиси вилоят дар суҳбат бо сокинон онҳоро барои соҳиб шудан ба хонаҳои нав табрик карда, иброз дошт, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат қишри осебпазири ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд.
Ахиран вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки Шумораи оилаҳои камбизоат, ки ба онҳо кумакпулии унвонии иҷтимоӣ таъин гардидааст, 195 341 оила будааст.
Аз тарбияи насли наврас то кишоварзию Наврӯз: Аҳмадзода ба масъулин чӣ супориш дод?
Вай гуфт, дар соли 2024 ба оилаҳои камбизот 190,4 миллион сомонӣ кумакпулӣ пардохт шудааст.
Ҳамчунин ба гуфтаи вазири тандурурстӣ дар давоми соли гузашта ба 112 689 оила кумакпулии яквақтаина (600 сомонӣ) дар ҳаҷми 67,62 миллион сомонӣ, дар маҷмӯъ 257,95 миллион сомонӣ пардохт гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ар Паёми шодбошӣ ба муносибати 33-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон таъкид кард, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 1999 то ба 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.