Патрушев гуфт, низоъ дар Украина бо пирӯзии Русия хотима меёбад

Вақте Русия дар Украина пирӯз мешавад, ИА бояд барои эҳёи иқтисод ва зербиноҳои харобшудаи Украина пули боз ҳам бештар харҷ кунад, гуфт Патрушев
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Муноқиша дар Украина, бешубҳа, бо пирӯзии бечунучарои Русия анҷом хоҳад ёфт.
Дар ин бора ёрдамчии президенти Русия, раиси Коллегияи баҳрии Федератсияи Русия Николай Патрушев дар мусоҳиба бо "Аргументы и факты" изҳор дошт.
"Шубҳае нест, ки муноқиша бо пирӯзии бечунучарои Русия анҷом хоҳад ёфт", - гуфт Патрушев.
Ба гуфтаи вай, вақте Русия дар Украина пирӯз мешавад, Иттиҳодияи Аврупо бояд барои эҳёи иқтисод ва зербиноҳои харобшудаи Украина пули боз ҳам бештар харҷ кунад.
Патрушев қайд кард, ки дар конфронси амниятии Мюнхен кафолати амнияти Украина ба маънои мустақими калима баррасӣ нашудааст.
Ӯ гуфт, ки корпоратсияҳои фаромиллии ИМА ва Британияи Кабир бо таҳкими "режими миллатгарои Киев" дар пайи дастрасии бидуни мамониат ба захираҳои табиии Украина, аз ҷумла металлҳои нодир, нафт, газ, ангишт ва хокҳои ҳосилхез ҳастанд.
Путин: Русия бояд пештар ба амалиёти низомӣ дар Украина омода мешуд
Дар баробари ин, вай афзуд, ки "аҳолии Украина, саноат, шаҳрҳои он ва умуман ояндаи ин кишвар барои англосаксонҳо манфиатдор нестанд".
Патрушев таъкид кард, ки гунаҳкорони аслии харобкорӣ кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, ки артиши Украинаро бечунучаро маблағгузорӣ мекунанд ва онро бо силоҳ таъмин мекунанд.
Вай мутмаин аст, ки бо фишори Амрико кишварҳои аврупоӣ хароҷоти худро барои ҳимояти низомӣ аз Украина афзоиш медиҳанд, аммо ин талошҳо муваққатӣ хоҳанд буд.