ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон корхонаи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки “Апрелевка” бунёд мегардад.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди корҳои васлу насби таҷҳизоту дастгоҳ ва дигар тадбирҳои бунёдкориву созандагӣ шинос шуд.
Қайд карда шудааст, ки иқтидори истеҳсолии корхонаи нав коркарди то 100 тонна партов дар як шабонарӯз буда, дар он беш аз 150 нафар бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Қайд карда шудааст, ки корхонаи нави саноатӣ аз ҷониби ҶСК “Технологияи коркард” дар ҳамкорӣ бо корхонаи муштараки “Апрелевка” ва ширкати илмӣ-истеҳсолии “Спирит”-и Федератсияи Расия” бунёд гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки корхонаи муштараки “Апрелевка” аз корхонаҳои азими саноатӣ ба ҳисоб рафта, дар соҳаи истихроҷи маъдан фаъолият дорад ва садҳо нафарро бо кор ва маош таъмин намудааст.
“Коркарди партовҳои ин корхона бо истифода аз технологияи навтарин ва бо харҷи кам имкон медиҳад, ки тиллову нуқра истеҳсол карда шавад”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки ширкати “Технологияи коркард” азм дорад, ки ҳамкориро бо шарикон тақвият бахшида, бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафта дар рушди саноати куҳӣ-металлургӣ саҳм гузошта, барои оқилона истифода шудани захираҳои табиӣ ва ноил гардидан ба дастовардҳои бештар аз имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд.