Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Лавров хоҳиши Аврупо барои ширкат дар музокироти Украинаро шарҳ дод

Вазири хориҷаи Русия гуфт, намедонад, Иттиҳодияи Аврупо сари мизи музокирот дар бораи Украина чӣ кор хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, дар як нишасти хабарӣ дар пайи музокирот бо вазири хориҷаи Сербистон Марко Ҷурич гуфт, намедонад, ки Аврупо сари мизи музокирот дар бораи Украина чӣ кор хоҳад кард.
"Аврупоиҳо фалсафаи худро гум накардаанд. Намедонам, сари мизи музокирот чӣ кор хоҳанд кард. Агар онҳо дар бораи ях кардани низоъ "гадоӣ" карданӣ бошанд, дар ҳоле ки идомаи ҷангро талаб доранд, пас чаро онҳоро ба онҷо бояд даъват кард?" — кайд намуд ӯ.
Вазири хориҷаи Русия таваҷҷӯҳро ба суханони раисиҷумҳури Финландия Александр Стубб дар конфронси амниятии Мюнхен ҷалб кард, ки дар бораи зарурати баргузории музокирот барои дубора мусаллаҳ кардани Украинаи гуфта буд.
Вазир хотиррасон кард, ки Аврупо аллакай имкони иштирок дар ҷараёни гуфтушунидро дорад.
"Хоҳиши онҳо аллакай борҳо қонеъ карда шудааст", - таъкид кард ӯ.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия деҳаи дигари Донетскро озод кард
Лавров аз созишномаи соли 2014 "Дар бораи ҳалли бӯҳрони сиёсӣ дар Украина" ва ҳамчунин аз созишҳои Минск ёдовар шуд.
"Барои онҳо вақт лозим буд, ки Украинаро мусаллаҳ кунанд. Ин шонси онҳо буд", - афзуд вазири хориҷа.
Ахиран сухангӯи раисҷумҳури Русия Дмитрий Песков гуфт, ки Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков бо намояндагони ИМА дар Риёз мулоқот хоҳанд кард. Вай шарҳ дод, ки пеш аз ҳама, онҳо масъалаи барқарор кардани тамоми доираи муносибатҳои Русияву Амрикоро баррасӣ хоҳанд кард.