Коҳиши бекори дар қаламрави ИИАО

Шумори бекорон дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба 19,4% дар сол коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Шумораи афроди бекор дар кишварҳои Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё тамоюли коҳишёбӣ дорад.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар хадамоти шуғли аҳолии кишварҳои узви созмон ба қайд гирифта шудаанд, то моҳи декабри солигузашта 572,2 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин санаи соли гузашта 19,4% кам шудааст.
Хамин тавр ба иттилои манбаъ, бекорӣ дар қаламрави Иттиҳод тамоюли камшавӣ дорад.
Қаблан дар созмон гуфта буданд, ки Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ (бо назардошти шохиси нархҳои истеъмолии молҳо ва хизматрасониҳо) дар моҳҳои январ-декабри соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 дар ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.
ИИАО барои таъсиси МОИ бо 6 кишвар музокира мекунад
Суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Арманистон (112,4%) ва Беларус (111%) ба қайд гирифта шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи номиналӣ дар Арманистон – 270 ҳазор драми арманӣ (688 доллар), дар Беларус – 1,9 ҳазор рубли белорусӣ (634 доллар), дар Қазоқистон – 360,8 ҳазор танга (791 доллар), дар Қирғизистон – 33,3 ҳазор сом (379 доллар) ва дар Русия – 73,7 ҳазор рубли русӣ (871 доллар)-ро ташкил додааст.