ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Комиссияи иқтисодии Авруосиё масъалаи таъсиси минтақаҳои тиҷорати озод бо Ҳиндустон, Ветнам, Тунис ва Муғулистонро баррасӣ мекунад.
Дар ин бора вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев хабар дод.
"Мо дар ҳоли ҳозир бо Ҳиндустон дар робита ба масъалаи тиҷорати озод фаъолона машваратҳо мегузаронем", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Слепнев, дар бораи натиҷагирӣ сухан гуфтан барвақт аст, аммо таваҷҷӯҳи шарикон зиёд аст.
Инчунин маълум аст, ки кори сари бастани шартномаи савдои озод бо Ветнам давом дорад.
"Дар он ҷо натиҷаҳои хеле хуб ба даст оварда шудаанд. Комиссия инчунин пешниҳодҳои кишварҳои узви ИИАО барои таҳияи самтҳои навро таҳлил мекунад", -изҳор дошт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки Перу низ ба таъсиси минтақаи озоди тиҷорат таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Алексей Оверчук хабар дод ва гуфт, Русия ба ин фаъолона мусоидат мекунад.