Лавров: Русия муроҷиатҳои Тоҷикистон дар бахши муҳоҷиратро бодиққат баррасӣ мекунад

Вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Русия ба суоли хабарнигорон посух доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 фев – Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров гуфт, Русия дархостҳои Тоҷикистонро дар соҳаи муҳоҷират бодиққат баррасӣ мекунад ва саъй дорад, ки дар бораи чораҳои андешидашуда тавзеҳоти ҳамаҷониба диҳад.
"Русия ба ҳама дархостҳои Тоҷикистон ва дигар шарикон таваҷҷуҳ дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки ба онҳо посухи фаврӣ диҳем, дар бораи чораҳои андешидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунгузории Русия барои таъмини амнияти миллӣ, коҳиши хатарҳое, ки ахиран дар ин замина афзоиш ёфтааст, тавзеҳот диҳем", - гуфт Лавров дар як нишасти хабарии ӯ.
Вай гуфт, ки ниҳодҳои марбутаи Русия бо ниҳодҳои Тоҷикистон дар иртибототи зич қарор доранд.