ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Тоҷикистон ва Қазоқистон ният доранд, дар ояндаи наздик созишномаи байниҳукуматӣ дар бахши энержиро ба имзо расонанд.
Дар ин бора Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, дар пайи музокирот бо Мурат Нуртлеу, муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷии Қазоқистон дар Остона ба хабарнигорон хабар дод.
Сухан дар бораи ҳуҷҷате меравад, ки интиқоли нерӯи барқе, ки дар НБО “Роғун” тавлид мешавад ба расмият медарораду ба Қазоқистон интиқол меёбад.
Тарафҳо таъкид карданд, ки бахши тиҷорату иқтисод як бахши муҳими равобити ду кишвар боқӣ мемонад ва аз ин рӯ, ин соҳа бояд мазмуни зарурии амалӣ дошта бошад.
Сироҷиддин Муҳриддин аз ҷумла ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши иқтисод, масъалаи таъсиси корхонаи муштараки коркарди тухми офтобпараст дар Қазоқистон, оғози кори филиали Бонки озодии Қазоқистон дар Тоҷикистон, бунёди маркази муштараки логистикии омодасозии маҳсулоти меваю сабзавот барои содирот, ҳамкорӣ дар соҳаи рақамӣ ва ғайраро мисол овард.
Ба гуфтаи вазири тоҷик, дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ширкати қазоқ фаъолият мекунанд.
Ҷонибҳо дар бораи соҳаи муҳоҷират низ гуфтугӯ карданд. Сирочиддин Муҳриддин ҳоли муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистонро дар Қазоқистон хуб арзёбӣ кард.
Вазир кайд кард, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Казокистон худро "хеле роҳат” ҳис мекунанду дар пешрафти иктисодиёти кишвар ҳисса мегузоранд ва ба анъанаҳои мардумии бародари Қазоқистон эҳтиром мегузоранд.
"Ба мувофиқа расидем, ки бо ҷалби ниҳодҳои дигар музокироти ҷудогонаи дуҷониба анҷом диҳем",- гуфт Муҳриддин.
Вай афзуд, ки муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон худро "хеле роҳат" эҳсос мекунанд ва ба анъанаҳои мардумии бародари Қазоқистон эҳтиром мегузоранд.