Таъкиди Тоҷикистон бар алоқамандӣ барои сармоягузорӣ дар Чобаҳор ва сохтмони роҳи оҳан

Вазири нақлиёти Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар Чобаҳор таъкид ва барои тасриъ дар сохти роҳи оҳани Чобаҳор ба Зоҳидон изҳор умедворӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Вазири нақлиёти Тоҷикистон барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳор таъкид кард, иттилоъ додааст “ИСНО”.
Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ки ба Женева сафар кардааст, бо Фарзонаи Содиқ, вазири роҳу шаҳрсозии Эрон ба сурати дуҷониба мулоқот кард.
Дар ин дидор, тарафайн зимни таъкид бар тавсеаи равобити ҳамлу нақлӣ ва тиҷорат, мавзуъоти тавофуқ шудаи қаблиро мурур карданд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки тарафи Тоҷикистон алоқамандии худро барои сармоягузорӣ дар бандари Чобаҳори такрор ва барои тасриъ дар сохт роҳи оҳани Чобаҳор ба Зоҳидон изҳор умедворӣ кард.
Тоҷикистон барои шаҳрвандони Эрон низоми бидуни раводид ҷорӣ кард
Таъкид карда шудааст, ки дар мулоқот мавзуи раводиди ронандагон мавриди пайгирии вазири роҳи Эрон қарор гирифт ва қайд карда шудааст, ки тарафи тоҷикистонӣ барои тасҳили ин амр қавли ҳамкорӣ ва пайгирӣ додааст.
Тарафи Эронӣ ҳамчунин пешниҳоди анҷоми мутолиаи масири ҷодае аз Чин, Тоҷикистон, Узбекистон, Туркманистон, Эронро матраҳ кард, ки мавриди истиқболи тарафи тоҷик қарор гирифт.