Тоҷикистон фурӯши барқро коҳиш дод

Муштариёни асосии барқи Тоҷикистон ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Афғонистон ба ҳисоб мераванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Тоҷикистон фурӯши барқ ба кишварҳои хориҷро коҳиш дод.
Дар ин бора ширкати "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт. Ин ниҳод гуфт, соли гузашта ба хориҷ зиёда аз 2,4 млрд.кВт/соат барқ фурӯхта шуд, ки ин рақам нисбат ба соли 2023, 203,9 млн.кВт/соат камтар аст.
Қаблан, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа низ дар нишасти матбуотӣ аз коҳиши содироти барқи Тоҷикистон ба хориҷи кишвар гуфт.
Ба гуфтаи ӯ, харидори асосии нерӯи барқи Тоҷикистон кишвари Афғонистон буда, соли гузашта ҳудуди 1,5 млрд.кВт/соат барқро ба маблағи 705,2 млн сомонӣ харид кард. Ҳар киловатт барқе, ки Афғонистон аз Тоҷикистон харидааст 46 дирам ё (4,2 сант)-ро ташкил додааст.
Баъд аз Афғонистон дар феҳристи харидорони асосӣ Ӯзбекистон қарор дорад, ки соли гузашта ба маблағи 201 млн сомонӣ барқи Тоҷикистон харидорӣ намудааст.
Нархи барқ дар Тоҷикистон эҳтимол боз гарон шавад
Илова бар ин, Қирғизистон низ дар рӯйхати муштариёни барқи Тоҷикистон ҷо гирифта, соли гузашта ҳамагӣ 4 млн кВт/соат барқ бо арзиши 428,7 ҳазор сомонӣ харидорӣ намудааст.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нерӯи барқ асосан дар мавсими серобӣ (моҳҳои май-сентябр) ба дигар кишварҳо фурӯхта мешавад.
Бо вуҷуди ин ҳам дар Тоҷикистон ҳамоно ҳамосла дар фасли сармо дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол, Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми солона ваъда дод, ки аз соли оянда мушкили дастрасӣ ба барқ каме сабуктар мешавад ва билохир соли 2027 ба гуфтаи ӯ Тоҷикистон комилан ба истиқлоли энергетикӣ ноил мегардад.