Нархи барқ дар Тоҷикистон эҳтимол боз гарон шавад

Роҳбари ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, масъалаи баланд бардоштани арзиши истифодаи барқ ҳоло дар Ҳукумат ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ баррасӣ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон имкон дорад қимати истифодаи барқ боз гарон шавад. Дар ин бора “Барқи тоҷик” пешниҳоди дахлдорро иро кардааст.
Раҳбари ширкат Маҳмадумар Асозода зимни нишасти хабарияш гуфт, ки ин масъала ҳоло дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ мешавад.
Дар ҳамин ҳол ӯ нагуфт, ки пешниҳодашон дар бораи гарон кардани арзиши истифодаи барқ то чӣ андоза буд.
Ҳоло ҳар киловатт-соат дар ҷумҳурӣ 30,75 дирам қимат дошта, охирин маротиба гароншавӣ январи 2024 ба андозаи 16% сурат гирифта буд.
Соли 2027 Тоҷикистон пурра ба истиқлоли энергетикӣ ноил мешавад
Дар идома, роҳбари ширкати мазкур зикр намуд, ки Тоҷикистон соли 2027 ба истиқлолияти комили энергетикӣ мерасад.
Ӯ гуфт, ки бо сохтмони нерӯгоҳҳои нав, ба кор андохтани дигар манбаъҳои истеҳсолӣ, таҷдиди нерӯгоҳҳои амалкунанда зина ба зина ба ин марҳила ҳатман мерасем.
Дар ин бора Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат низ зимни ироаи паёми соланаи худ гуфта буд.
“Ман ҳар лаҳза дар фасли зимистон дар ҳар як лаҳзаву соат ташвиши мардуми Тоҷикистонро эҳсос мекунам. Шояд ин зимистони охире бошад, ки ин вазъро таҷриба карда истода бошед. Дар зимистони оянда ин душвориҳо камтар мешавад ва дар соли 2027 ин вазъият дар таърих мемонад”, - гуфта буд Эмомалӣ Раҳмон.