Вазорати иқтисод: Новобаста аз ду буҳрони шадиди глобалӣ иқтисоди Тоҷикистон рушд кардааст

Ба гуфтаи вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар соли 2024 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Вазорати рушди иқтисод ахиран хабар додааст, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар соли 2024 дар маҷмӯъ устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар таъмин гардид.
Ба иттилои вазорат дар соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба 153,4 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуд.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат дар 5 соли охир 74,3 млрд. сомонӣ ё 2,2 маротиба ва даромади пулии аҳолӣ 99 млрд. сомонӣ ё 3 баробар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин таъкид гардидааст, ки дар панҷ соли охир новобаста аз таъсири ду буҳрони шадиди глобалӣ ва омилҳои берунӣ суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоиз (8,5 фоиз бе назардошти соли 2020 – соли паҳншавии пандемияи КОВИД-19)-ро ташкил дод, ки нисбат ба 5 соли қаблӣ (2015-2019) 0,7 (1,5) банди фоизӣ баланд аст.
“Суръати рушди иқтисоди миллӣ дар соли 2024 асосан аз ҳисоби зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 20%, кишоварзӣ 10,6%, гардиши савдо 13,6%, мусофиркашонӣ 13,4%, хизматрасонии пулакӣ 13%, боркашонӣ 11,5%, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 8,4% таъмин гардид”, - қайд кардааст вазорат.
Дастури Раҳмон ба вазири иқтисод дар бораи таҳияи лоиҳаи дурнамои рушд
Ба иттилои вазорат,дар соли 2024 шиддатнокии вазъи геосиёсии ҷаҳон, низоъҳои тиҷоратӣ, таҳримҳои иқтисодӣ байни кишварҳои абарқудрат, канда шудани занҷираи таҳвил ва ноустувории нархҳо дар бозорҳои ҷаҳонӣ, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома ёфта, иқтисоди глобалиро ноустувор ва мураккаб гардонид.
Вазоарт қайд кардааст, ки сатҳи таваррум дар соли 2024-ум 3,6 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023-юм (3,8 фоиз) 0,2 банди фоизӣ кам аст.
Таваррум дар ин давра ба гуфтаи вазорати рушди иқтисод асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқа 3 фоиз, молҳои ғайриозуқа 4 фоиз ва хизматрасонӣ 4,8% ташаккул ёфтааст.