Тоҷикон дар ифтитоҳи клуби дӯстӣ дар Севастопол ширкат карданд

Тасмим гирифта шудааст, ки ин иттиҳодия бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон ва роҳандозии муколама байни насли ҷавони кишварҳои гуногун таъсис дода шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Дар Севастопол дар назди маркази ҷавонон Клуби дӯстии интернатсионалӣ кушода шуд.
Дар ифтитоҳи он тоҷикон низ ширкат варзиданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати Фестивали ҷаҳонии ҷавонон.
"Дар чорабинӣ ҳудуди 100 нафар ҷавонон аз 24 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд", - омадааст дар хабар.
Тоҷикистон фарҳангашро ба мардуми Русия намоиш медиҳад
Ин маҳфил барои иҷрои дастурҳои Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар пайи Фестивали ҷаҳонии ҷавонон таъсис ёфтааст.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар шакли консерт баргузор гардид ва дар он ҷавонони рус ва хориҷӣ ширкат доштанд.
"Донишҷӯёни хориҷӣ аз мамлакатҳои гуногун маданияти худро намоиш доданд, дар бораи урфу одатхои худ суҳбат карданд, бо забонҳои миллии худ шеърҳо хонданд, суруду рақсҳо намоиш доданд, — қайд намуд сардори шуъбаи кор бо ҷавонони Севастополь, Марина Слонченко.
Дар чорабинӣ ба ҷуз намояндагони Тоҷикистон, ҳамчунин ҷавонони Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Камерун, Ҷумҳурии Конго, Молдова, Сенегал, Сурия, Туркманистон, Миср, Нигерия, Никарагуа, Лубнон, Того, Фаронса, Ҳиндустон, Бангладеш, Алҷазоир, Тунис, Марокаш, Бенин ва Украина ширкат доштанд.