ДУШАНБЕ, 7 фев – Sputnik. Ба иттилои вазорати саноати Тоҷикистон дар соли 2024 истихроҷи ангишт аз ҷониби 17 корхона дар 13 кон ба роҳ монда шуда, дар ин давра 2 млн 569,1 ҳазор тоннаро ташкил дод.
Қайд карда шудааст, ки бақияи ангишт ба ҳолати 1 январи соли равон дар анбори корхонаҳои соҳа бо назардошти бақияи ангишти солҳои пешин зиёда аз 764,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2024 ба ҳаҷми 520 ҳазор тонна афзоиш ёфтааст.
Таъкид карда шудааст, ки истихроҷи ангишт нисбат ба соли пешина ба ҳаҷми 485,0 ҳазор тонна зиёд гардидааст.
“Дар давраи ҳисоботӣ 1,2 млн тонна 47% аз тарафи корхонаҳои давлатӣ ва 1,3 млн тонна ангишт ё 53% аз тарафи корхонаҳои хусусӣ истихроҷ карда шудааст. Аз ҳаҷми ангишти истихроҷгардида 1,7 млн тонна 69% бо тарзи кушод ва 785,0 ҳазор тонна 31% бо тарзи зеризаминӣ истихроҷ карда шудааст”, - қайд кардааст вазорати саноат.
Ҳамчунин ин ниҳоди давлатӣ зикр кардааст, ки ар ҳамин давра фурӯши ангишт 2 млн тоннаро ташкил дод, аз ҷумла ба ҶСК “МБГ-2”-и шаҳри Душанбе 951,3 ҳазор тонна (ё 53,5% аз ҳаҷми умумии фурӯши ангишт), корхонаҳои саноатӣ-356,5 ҳазор тонна (17,8%), аҳолӣ ва соҳибкорони инфиродӣ 444,9 ҳазор тонна (22,2%), муассисаҳои буҷетӣ 68,4 ҳазор тонна (3,4%) ва содирот 186,0 ҳазор тоннаро (6,1%) ташкил дод.
Ба иттилои вазорати саноат содироти ангишт дар соли 2024 ба ҳаҷми 186 ҳаз. тонна ба маблағи 6,5 млн долларро ташкил додааст, ки ин нисбат ба соли 2023 ба ҳаҷми 32,4 ҳазор тонна ё ба малағи 1,9 млн доллар зиёд мебошад.
аз ҷумла Тоҷикистон ба кишварҳои зерин ангишт содирот кардааст:
Ӯзбекистон - 117,1 ҳазор тонна зиёд
Афғонистон - 18,1 ҳазор тонна кам
Покистон- 65,8 ҳазор тонна кам.
Дар баробари ин содироти ангишт ба Узбекистон пайваста афзоиш ёфта, нисбат ба соли 2023 ба ҳаҷми 117,1 ҳазор тонна зиёд содирот карда шудааст.