ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Мақомот гуфт, ки қарздорӣ калон аз истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон кист.
Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар дар ҳисоботи солонаи худ барои соли 2024 ҳаҷми умумии қарзро 4,1 миллиард сомонӣ арзёбӣ кардааст.
Аҳолии кишвар дар напардохтани пули хизматрасонӣ дар ҷои аввал қарор гирифтанд, аҳолӣ 1,7 миллиард сомонӣ аз барқ қарздор аст. Баъдан корхонаҳои номашон ифшо нагшудааст – 1,4 млрд. сомонӣ.
Қарзи ширкати алюминиюми тоҷик “ТАЛКО” 571,6 миллион сомониро ташкил додааст. Баъ аз ин корхона дар феҳрист хоҷагиҳо, карзи онҳо ба 227,2 миллион сомони расидааст.
Қарзи нерӯи барқ дар Тоҷикистон
© Sputnik
Оҷонсии мелиоратсия ва обёрии Тоҷикистон бо қарзи каме, яъне 189,6 миллион сомонӣ дар охири ин феҳрист ҷой гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, ҷамъоварии умумии маблағ барои истифодаи нерӯи барқ дар бозори дохилӣ 4,8 миллиард сомониро ташкил дода, 91,2% нақшаро ташкил дод. Ҷамъоварӣ аз аҳолӣ 1,7 миллиард сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2023 21,4% зиёд аст.