ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Шумораи маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон (1941-1945) — 21 нафар ва шумораи иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон дар ақибгоҳ- 140 нафарро ташкил медиҳад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон Абдураҳмон Ҳалимзод иттилоъ дод.
Ҳамчунин ба иттилои оқои Ҳалимзод дар Тоҷикистон шумораи умумии нафақагирон ба ҳолати 1 январи соли 2025, 836 ҳазору 690 нафар мебошад.
Ба иттилои вай, шумораи умумии нафақагирони маъюб 167 ҳазору 108 нафар мебошад. Аз ҷумла, гурӯҳи якум — 17 965 нафар, гурӯҳи дуюм — 82 068 нафар, гурӯҳи сеюм — 33 041 нафар, маъюбони аз овони кӯдакӣ то 18-сола - 34 034 нафарро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Тоҷикистон гуфт, ки шумораи кӯдакони ятими кулл дар кишвар ба 1168 нафар, шумораи кӯдакони нимятим - 77 502 нафар, расид.
Қайд карда шудааст, ки соли 2024 барои нафақагирон хизматрасонӣ дар ҳаҷми 26,5 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 8,7 миллион сомонӣ ё 48,8 фоиз зиёд мебошад.