Ҳамдардии Раҳмон ба пайвандони Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оқохони IV

Шоми 4-уми феврал шоҳзода Карим Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар пойтахти Пуртуғол, шаҳри Лиссабон дар 88-солагӣ аз олам чашм пӯшид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Девони Имомати Исмоилия барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур дар номаи тассалии худ вобаста ба даргузашти Волоҳазрат Шоҳзода Карим Оқохони IV ҳамдардии самимии худро иброз намудааст.
Вай қайд кардааст, ки шодравон бо талошҳои пайвастааш дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, пешрафту нумӯи ҷаҳони ислом ва татбиқи ҳадафҳои рушди умум дар арсаи байналмилалӣ маъруфият пайдо намуда, соҳиби мақому манзалати хосса гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, Оқохони IV дар пешбурди ҳамкорҳои созанда бо Тоҷикистон сащми намоён доштааст.
"Бо изҳори хотироти нек ва эҳтиром нисбати марҳум таъзияву таслият ва ғамшарикии амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони ӯ иброз намуда, аз даргоҳи Худованд ба онҳо сабри ҷамил хоҳонам", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Бозигару мураббии "Помир": Олег Хаби дар Маскав даргузашт
Ёдовар мешавем, ки Шоми дирӯз, 4-уми феврал шоҳзода Карим Оқохони 4, пешвои исмоилиёни ҷаҳон дар пойтахти Пуртуғол, шаҳри Лиссабон дар 88-солагӣ даргузашт.
Оқохони IV 13-уми декабри соли 1936 дар Суис (Швейтсария) ба дунё омада, баъд аз вафоти бобояш Муҳаммадшоҳ Оқохони 3, соли 1957 имоми исмоилиҳо таъин гардид. Ӯ 68 сол имоми исмоилиҳо боқӣ монд.
Шоҳзода Карим Оқохони IV чанд маротиба ба Тоҷикистон ҳам омада буд. Охирин боре, ки ба Тоҷикистон омад, моҳи апрели соли 2012 буд.
Кӯмакҳои Оқохони IV ба Тоҷикистон дар давраи ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва бозсозии баъдиҷангӣ шиддати иҷтимоиро коҳиш дод ва мавзеъгирии сиёсии ӯ ба пешрафти гуфтушуниди сулҳ мусоидат кардааст.