"Тоҷикстандарт" фурӯшандагонро барои маҳсулоти пастсифат 2,5 млн. сомонӣ ҷарима кардааст

Ба иттилои "Тоҷикстандарт" маҳсулотҳои ғизоӣ аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигари он аз рўи тамғагузорӣ дар борҷомаашон ба талабот ҷавобгў набуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Зимни санҷишҳо дар Тоҷикистон беш аз як миллион маҳсулоти пастсифат ошкор шудааст.
Дар ин бора Темурҷон Абдулваҳҳобзода, директори Агентии "Тоҷикстандарт" дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Як қисми маводи ғизоӣ аз ҷиҳати бехатарӣ (889 ҳазору 309 кг) ва қисми дигари он аз рўи тамғагузорӣ дар борҷомаашон (122 ҳазору 492 кг) ба талабот ҷавобгў набуданд.
Тибқи хулосаи озмоишгоҳҳои санҷиши маводи ғизоии Агентии "Тоҷикстандарт" маҳсулоти зерин мусодира карда шуданд:
50,9 хазор кг маҳсулоти гӯштӣ,
157 хазор кг равғани растанӣ,
27,4 ҳазор литр нӯшокиҳои спиртӣ,
16 ҳазор литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ,
24 хазор кг маҳсулоти қаннодӣ,
14,8 хазор кг маҳсулоти ширӣ,
6,4 хазор кг тухми мурғ,
134 хазор кг намак,
101,9 хазор кг маҳсулоти ғаллагӣ,
140 хазор кг орд,
16,5 хазор кг консерва ва ғайра
Нисбати фурушандагони ин маҳсулот чораҳои дахлдор қабул карда шудааст.
Мутахассисони оҷонсӣ корҳои фаҳмондадиҳии худро байни истеҳсолкунандагон дар бораи риояи қоидаҳои савдо ва ҳифзи истеъмолкунандагон, фурӯшандагон ва воридкунандагони молҳо пурзӯр намуданд.
Кашфу мусодираи беш аз 460 ҳазор кило маҳсулоти пастсифат дар Тоҷикистон
Агентӣ ба соҳибкорон барои нобуд кардани маҳсулоти хӯроквории муҳлаташ гузашта талабнома ирсол намуд.
Ба гуфтаи Абдулваҳҳобзода, аз ҷумла, бо дархости соҳибкорон ба анбори нигаҳдории муваққатии Агентӣ беш аз 225 ҳазор кг маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки мӯҳлати истифодаашон гузаштааст, интиқол дода шуд.
Барои нақзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар 7,1 ҳазор парванда ба маблағи умумии 2,4 миллион сомонӣ ҷарима ситонида, ҳамаи ин маблағҳо ба буҷети давлатӣ ворид карда шуданд.