ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Ба гуфтаи генерал-лейтенанти мустаъфии украинӣ Игор Романенко, нерӯҳои мусаллаҳи Украина аз ҳисоби ҷавонон пур намешаванд, ва ба ҳамин хотир артиши Украина наметавонанд пешравии нерӯҳои Русияро боздорад.
"Ҷавонон ҷалб карда намешаванд. Синну соли миёна дар нерӯҳои мусаллаҳ дар ду сол аз 42 ба 43 сол расид. Ин гуна бархӯрд ба нерӯҳои Украина таъсири манфӣ мерасонад. Ба вазъияти Қувваҳои Мусаллаҳи Украина таъсири манфӣ мерасонад ва мо оқибатҳои онро дар ҷабҳа эҳсос мекунем. Мо соли дуюм аст, ки пешрафтҳои ҳамлаи душманро боздошта наметавонем", - гуфт Романенко дар шабакаи YouTube.
Федир Вениславский, узви Кумитаи амнияти миллӣ, дифоъ ва истихбороти парлумони Украина рӯзи 28 январ изҳор дошт, ки ҷалби ихтиёриён аз 18 то 25 сола аз камбуди кадрҳои низомӣ дар сафҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина шаҳодат медиҳад.
Рӯзи 19 январ Сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина Александр Сирский иқрор шуд, ки сафарбарӣ дар Украина ниёзҳои нирӯҳоро қонеъ намекунад.
Муовини фармондеҳи нерӯҳои мушакӣ ва тӯпхонаии Нерӯҳои мусаллаҳи Украина Сергей Мусиенко қаблан гуфта буд, ки камбуди фалокатбори одамон дар воҳидҳо ва имкон набудани барқарории пурраи онҳо мушкили аслии сарбозони дар Украина аст.