Дар Тоҷикистон гардиши маводи нашъаовар каму моддаҳои психотропӣ афзудааст

Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон мегӯяд, ки соли 2024 дар кишвар гардиши маводи нашъаовар кам, аммо моддаҳои психотропӣ якбора афзудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар коҳиш ётааст.
Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовар, генерал-майор Самад Зафар дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба таъкиди ӯ, соли 2024 4,3 тонна маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати ба соли 2023 ҳудуди 17% фоиз ва ё 901,5 кило камтар мебошад.
Самад Зафар зикр намуд, ки давоми соли 2024 ҳамагӣ 839 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2023 ба 699 ҷиноят баробар буд.
Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки дар соли ҳисоботӣ аз ҷониби ниҳоди зертобеяш фаъолияти 32 гуруҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 83 нафар ошкор ва қатъ карда шуд.
Дар Душанбе панҷ қочоқбар бо беш аз 100 кг маводи мухаддир боздошт шуданд
Дар ин давра ҳамчунин 12 фарди дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта муаян ва дастгир шудааст.
Раҳбари Агентӣ ҳамзамон гуфт, ки гарчанде гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кам шуда бошад, аммо мусодираи моддаҳои психотропӣ якбора афзудааст.
Мақомот давоми соли гузашта ҳудуди 110 кило аз ин моддаҳоро мусодира кардаанд, ки он нисбат соли 2023 59% ва ё 41 кило бештар аст.
Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 4,6 маротиба ва ё 10,7 ҳазор ҳаб зиёд аст, гуфт раҳбари Оҷонсӣ.
Ҳамчунин дар кишвар беш аз 17,8 ҳазор ҳаб мусодира шудааст, ки афзоиш 13,6 ҳазорро ташкил медиҳад, гуфт Зафар Самад.