ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ба иттилои вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар соли гузашта 268,3 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 226,7 миллион доллар ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст.
Ба иттилои вазорат, дар таркиби содирот, нахи пахта 100,5 ҳазор тонна, сабзавот 30,8 ҳазор тонна, (аз ҷумла пиёз 29,2 ҳазор тонна), меваҷот 40,1 ҳазор тонна (аз ҷумла ангур 23,7 ҳазор тонна), меваи хушк 90,1 ҳазор тонна ва дигар намуди маҳсулоти кишоварзӣ 6,8 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
Вазорат қайд кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта содирот аз руи ҳаҷм меваҷот 12,4 ҳазор тонна ё 45 фоиз, меваи хушк 6,7 ҳазор тонна ё 8% ва маҳсулоти ширӣ, тухми паранда ва асали табиӣ 1,5 ҳазор тонна ё 7,1 маротиб зиёд мебошад.
Вазорати кишрварзии Тоҷикистон хабар додааст, ки маҳсулоти кишоварзӣ зиёда ба 26 давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки аз он 85 фоиз ба давлатҳои ИДМ ва 15 фоиз ба давлатҳои хориҷии дур рост меояд.
Инчунин дар ин давра ба тоҷикистон аз хориҷи кишвар 227,6 ҳазор тонна ба маблағи 186,9 миллион доллар маҳсулоти кишоварзӣ ворид шудааст.
Манбаъ қайд кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 83,1 ҳазор тонна ва аз руи арзиши гумрукӣ 70,6 миллион доллар зиёд мебошад.
Дар баробари ин ба ҷумҳурӣ 213,7 ҳазор тонна нуриҳои минералӣ ба маблағи 59,2 миллион доллар аз хориҷи кишвар ворид карда шуд, ки аз он нуриҳои азотӣ 170 ҳазор тонна, фосфорӣ 7 ҳазор тонна ва дигар нуриҳо ба миқдори 35,5 ҳазор тоннаро ташкил медињад.