ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Дар шаҳри Маскав мулоқоти роҳбарияти олии Тоҷикистону Русия вобаста ба масъалаҳои муҳоҷиратӣ меҳнатӣ баргузор гардид, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Машваратро муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Шаҳноза Нодирӣ ва муовини вазири тандурустии Русия Плутнитский Андрей роҳбарӣ карданд.
Дар чорабинӣ инчунин намояндагони вазорату идораҳои марбутаи ду кишвар ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни машварат табодули афкори судманд атрофи ҳамкории ду кишвар дар самти муҳоҷират, қонунигардонии вазъи будубоши шаҳрвандон, ки дар “Феҳристи шахсони назоратшаванда” қарор доранд, баимзорасонии Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Русия дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар қаламрави Русия сурат гирифт.
Ҳамчунин тарафҳо ба масоили гузаронидани муоинаи тиббии шаҳрвандон дар қаламрави Тоҷикистон, кушодани манъи воридоти ҳамватанон, ки бо қонунвайронкуниҳои ночиз воридоташон ба Русия манъ карда шудааст, таълими касбии шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи касбҳои корӣ, ки дар бозори меҳнати Русия талабот доранд ва мушкилоти пайдошуда вобаста ба хориҷ кардани донишҷӯёни тоҷик аз муассисаҳои таҳсилоти олии Русия ва ихроҷи онҳо, инчунин ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Русия дохил кардани фарзандони шаҳрвандони Тоҷикистон таваҷҷуҳти хос зоҳир карданд.
Ҳамчунин дар ин гуфтугӯҳо таваҷҷуҳи махсус ба мушкилот дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ, аз ҷумла тартиби гузаронидани санҷишҳо ва нигоҳдории тӯлонӣ дар фурудгоҳҳо ва ҷойҳои махсуси нигоҳдорӣ дода шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими пайвастаи ҳамкорӣ дар самтҳои зикргардида ва рушди муносибатҳои дуҷониба изҳор намуданд.