ДУШАНБЕ, 29 янв — Sputnik. Муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук бори дигар таъкид кард, ки баррассии масъалаи ҳифзи иштироки худ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) дар баробари пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо беасос аст.
Вай афзуд, ки боз шавии бозорҳо бо кишварҳои аврупоӣ маънои бастани бозорҳоро барои Арманистон бо кишварҳои ИИАО мебошад.
"Барои мо, албатта, ин як нишонаи он аст, ки оғози пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо оғози хуруҷ аз ИИАО аст. Ин барои ҳар касе, ки бо сохтори ин ду иттиҳодияи каме ошно ҳастанд, комилан равшан аст. Ва он нафароне, ки ҳоло, "Дар мубоҳисаҳое, ки дар Арманистон мегузаранд, даъво доранд, ки роҳи ҳалли он пайдо мешавад, агар нарм карда гуям, мардуми Арманистонро ба роҳи иштибоҳ мебаранд", гуфт оқои Оверчук.
Ба гуфтаи ӯ, бастани бозорҳо бо ИИАО ба истеҳсолкунандагон таъсир мерасонад.
"Ин возеҳ аст: сифр кардани мизони гумрукии воридотӣ бо Иттиҳодияи Аврупо ба таври худкор маънои бозгашт ба гумрук ва ба торуфаҳои гумрукӣ бо ИИАО хоҳад буд", - афзуд ӯ.
Ҳамзамон, ӯ гуфт, ки масъалаи иштироки минбаъдаи Арманистон дар ИИАО дар шӯрои байниҳукуматӣ дар Алмаато матраҳ карда намешавад.
Вай ёдовар шуд, ки Арманистон бар асоси нишондодҳои макроиқтисодӣ ва маълумот дар бораи тиҷорати мутақобила миёни кишварҳои ИИАО, баҳрабардори асосӣ дар ин иттиҳод мебошад. Тиҷорати Арманистон бо кишварҳои ИИАО дар соли гузашта 12 миллиард долларро ташкил дод, ки аз ҳаҷми муомилоти молии Арманистон бо Иттиҳодияи Аврупо чанд маротиба бештар аст. Дар баробари ин додугирифти мол бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё афзоиш ёфта, бо Иттиҳодияи Аврупо коҳиш меёбад.
Оверчук пешниҳод кард, ки бояд қабули қонун дар порлумони Арманистон дар бораи оғози раванди пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо шуд.