Хотима ба тавқифгоҳи марг: 80 сол пеш нерӯҳои шӯравӣ Освентсиимро озод карданд - Акс

Тавқифгоҳи Освентсим дар як амалиёти Артиши сурх Висла—Одер озод карда шуд. Аксҳои бузургтарин тавқифгоҳи маргро дар Sputnik Тоҷикистон бубинед.
Sputnik
Ахиран аз озод шудани маҳбусони зиндамондаи тавқифгоҳи Освентсим аз ҷониби сарбозони артиши сурх 80 сол пур мешавад. Рӯзи озодкунии Освентсим дар соли 2007 Рӯзи байналмилалии ёдбуди Ҳолокост эълон шуда буд.
Тавқифгоҳи Освентсим дар Лаҳистон мувофиқи фармони Генрих Гиммлер дар бораи ташкили тавқифгоҳҳои марг дар кишварҳои ишғолшуда 27 апрели соли 1940 ташкил карда шудааст. Ин калонтарин ва тӯлонитарин тавқифгоҳи фашистӣ буд. Тибқи ҳуҷҷатҳои трибунали Нюрнберг, дар солҳои 1941 то 1945 дар тавқифгоҳ 2,8 миллион нафар кушта шуд, ки 90% онҳоро яҳудиён ташкил доданд.
Дар солгарди озодии Освентсим ФСБ-и Русия асноде дар бораи куштори зиндониёни ин тавқифгоҳ нашр кард.
1 / 13

Дар болои дарвозаи тавқифгоҳ шиори "Арбайт махт фрай" (Arbeit macht frei) овехта шуда буд, ки маънои "Мехнат шуморо озод мекунад" дошт.

2 / 13

Курсӣ барои ҷазо.

3 / 13

Интиқоли аввалин маҳбусон ба Освентсим.

4 / 13

Кӯдакони маҳбусони тавқифгоҳи марг дар соатҳои аввали баъд аз озод шудани он аз сӯйи истилогарони фашистӣ. Акс кинохроникаи "Озодкунии Освентсим".

5 / 13

Мурбасӯзхона дар тавқифгоҳи Освентсим.

6 / 13

Занон дар Освентсим, январи соли 1945.

7 / 13

Тавқифгоҳи Освенцим.

8 / 13

Маҳбусони тавқифгоҳ

9 / 13

Чемоданҳои махбусони тавқифгоҳи марги Освентсим бо нишонаҳо аз ҳамаи кишварҳои Аврупо.

10 / 13

Асирони Освентсим дар дақиқаҳои аввал баъди аз озод шуданд аз сӯйи Артиши Сурх.

11 / 13

Писарбачаи 15-солаи рус Иван Дудник, ки уро фашистон аз хонааш дар вилояти Орёл ба Освентсим оварда буданд.

12 / 13

Маросими дафни зиндониёни лагери Освентсим.

13 / 13

Освентсим пас аз 27 январи соли 1945.