ДУШАНБЕ, 28 янв — Sputnik. Саридораи геологияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуоть гуфт, ки геологщои Тоыикистону Русия дар якҷоягӣ майдони ояндадор кашф кардаанд.
Вай иттилоъ вобаста ба истифодаи барномаҳои муосири геологӣ бо ҷониби Русия ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Тоҷикистон ба Русия феҳристи конҳои ояндадори нафту гази ҷумҳурӣ барои коркарди муштарак ироа карданд.
Ин мавзӯъ дар мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматӣ дар Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.
"Мо ба ҷониби Русия рӯйхати конҳои ояндадори нафту гази Тоҷикистонро барои коркарди муштарак супоридем. Пешниҳод менамоем, ки барои амалӣ намудани лоиҳаи мутақобилан судманд дар ин самт кор идома ёбад",- гуфт сарвазир.
Ӯ қайд кард, ки Душанбе мулоҳизаҳои ҳамкасбони русро дар мавриди даромаднокии роҳандозии фаъолияти муштарак дар соҳаи коркарди конҳо ба инобат гирифтааст.
Муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳудуди 28 кони нафт ба қайд гирифта шуда, захираҳои собитшуда беш аз 2 млн тоннаро ташкил медиҳанд. Дар ҷумҳурӣ инчунин 12 корхонаи коркарди нафт кор мекунад.
Тибқи иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 18 ҳазор тонна нафт тавлид шудааст, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт кофӣ нест.