Тоҷикистону Уммон дар бораи сафарҳои сатҳи баланду олӣ табодули афкор карданд

Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Уммон дар бораи тақвияти ҳамкориҳои сиёсӣ иқтисодӣ ва сайёҳӣ бо ин кишвар эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Салтанати Уммон Зубайдулло Зубайдзода бо вазири корҳои хориҷии Салтанати Уммон Бадр бин Ҳамад бин Ҳаммуд ал- Бусаидӣ масъалаи дурнамои таҳкими равобит байни Душанбе ва Масқатро баррасӣ кард.
Дар ин бора Сафорати Тоҷикистон дар Кувайт хабар медиҳад.
Баррасии тақвияти равобит Тоҷикистон бо Уммон миёни сафири кишвар ва вазири корҳои хориҷии ин кишва дар шаҳри Масқат сурат гирифт.
Ба иттилои манбаъ, тарафҳо зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои таҳкими равобит байни Тоҷикистон ва Уммон дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ баррасӣ шуд.
Ҳамкориҳои бонкии Тоҷикистону Аморати Муттаҳидаи Араб тақвият меёбанд
Инчунин тарафҳо ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми муштаракро баррасӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки ҷонибҳо инчунин атрофи омодагӣ ба танзими чорабиниҳои муштараки дарпешистода, аз ҷумла баргузори сафарҳои сатҳи баланду олӣ табодули афкор намуданд.