ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Дар Русия боз Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад.
Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён зимни нишасти матбуотӣ аз нақшаи баргузории барномаҳо хабар дод.
"Мо ният дорем, ки имсол Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистонро дар Русия баргузор кунем", - гуфт вай.
Илова бар ин, ба ҷониби Русия барои ширкат дар чорабиниҳо дар қаламрави Тоҷикистон даъватнома фиристода шуд.
Ҳамчунин Тоҷикистон ният дорад дар фестивали Наврӯз, ки дар Русия баргузор мешавад, ширкат кунад.
Қобили зикр аст, ки чанд сол боз дар Русия Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз баргузор мешавад.
Аз рӯи анъана, дар ин чорабинӣ консертҳои бузург бо мусиқиву рақси тоҷикӣ ва намоишгоҳҳои гуногуни ҳунармандон ва рассомон ташкил карда мешавад.