ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Бахтиёр Худоёрзода, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, ба ҳайси нозир дар интихоботи президентии Беларус кор мекунад.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ хабар доданд.
"Бахтиёр Худоёрзода ба унвони намояндаи Тоҷикистон барои назорати интихобот ба Беларус парвоз кард", - афзуд манбаъ.
Вай ҳамчунин тавзеҳ дод, ки сафари дертари раҳбарияти КМИ ба омодагӣ ба интихоботи парлумонии Тоҷикистон, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор мешавад, иртибот дорад.
Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон кадом ҳизбҳо ширкат доранд?
© Sputnik
Интихоботи президентӣ дар Беларус рӯзи 26 январ баргузор мешавад. Овоздиҳии пешакӣ аз 21 январ идома дорад.
Қаблан Комиссияи марказии интихоботии кишвар панҷ номзад ба мақоми президентӣ: раисиҷумҳури феълӣ Александр Лукашенко, раҳбари Ҳизби либерал-демократии ҷумҳурӣ Олег Гайдукевич, раҳбари Ҳизби ҷумҳурихоҳи меҳнат ва адлия Александр Хижняк, котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунитсьӣ Сергей Сиранков ва номзади собиқ дар интихоботи пештара, соҳибкор Анна Канопатскаяро ба қайд гирифта буд.