ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Шаби Меъроҷ яке аз санаҳои асосии сол барои мусалмонони парҳезгор аст.
Тибқи суннати исломӣ, Меъроҷ бояд дар шаби 26 ба 27-уми моҳи Раҷаб таҷлил мешавад. Соли 2025 ин сана ба шаби 26 ба 27 январ рост меояд.
Маҳз ба шарофати Шаби Меъроҷ суннатҳои зиёди исломӣ ва муносибати мусулмонон ба баъзе амалҳо ба вуҷуд омад.
Шаби Меъроҷ чист? (2025)
© Sputnik
Дар шаби Меъроҷ бояд Қуръон хонд, намози "Салавот" гузошту ба руҳи поки ҳазрати Муҳаммад (с) бахшид. Ҳамзамон тавбаву пузиши гуноҳ кард, дашному кинаро дур сохту дӯстиро пеша ва ба фақирон кӯмак бояд кард.
Илова бар ин, аз гуноҳҳо бояд тавба кард, дашном набояд дод ва ба ниёзмандон садақа додан лозим.
Дар ин шаби муборак ба ҳеҷ ваҷҳ набояд машрубот нӯшид, зеро маҳз дар ҳамин шаб ҳазрати Муҳаммад (с) шаробро ҳаром хонду ширро ба ҷои он тавсия дод.
Ин шабро набояд бо ғавғои зиёд, балки бо оромиву хондани китоби муқаддас гузаронид.