ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар Душанбе ҳарчанд нигаҳдорӣ ва парвариши чорвои хурду калон ва аспу хар манъ шуда бошад ҳам, вале ҳамоно ҳолатҳои зиёди сабт мешаванд, ки сокинон дар ҳудуди пойтахт чарво нигаҳдорӣ мекунанд.
Ба иттилои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, танҳо давоми моҳи ҷорӣ зимни баргузории рейду санҷишҳо беш аз 200 ҳолати парвариш ва нигаҳдории чорво дар Душанбе муайян гардид.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки нисбати сокинони қонуншиканмаъмурӣ протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҳолатҳои қонуншиканӣ бартараф шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, шахсоне, ки чорвои хурду калонро дар пойтахт нигоҳубин мекунанд ба андозаи аз сад то сесад нишондиҳанда барои ҳисоб ҷаримабандӣ мешаванд.
Дар сурати такроран нақз кардани ин талабот, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз бист то панҷоҳ ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз сесад то чорсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин карда мешавад.
Ин ниҳод дигарбора аз сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш намуд, ки ҳарчӣ зудтар молу чорвои худро аз ҳудуди пойтахт берун кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки борҳо шаҳрдори Душанбе низ аз роҳбарони сохторҳои дахлдор талаб намуда буд, ки дар самти пурра манъ гардидани парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ фаъолиятро таҳким бахшанд.
Танҳо парвариши ҳайвонҳои хонагӣ, ба монанди гурба, саг, паррандаҳои хушхон ва хурди ғайриистеъмолӣ иҷозат аст.