Вазорати маориф барои чопи китобҳои дарсӣ наздик ба 94 млн сомонӣ сарф кардааст

Вазорати маорифи Тоҷикистон аз афзоиши чопи китобҳои дарсӣ хабар додааст, дар ҳоле, ки норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ таъкид мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Ба иттилои вазорати маорифи Тоҷикистон дар соли 2024 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба теъдоди умумии 4 млн. 674 ҳазор нусха адабиёти таълимиву методӣ нашр гардид.
“Дар соли 2024 112 номгўйи адабиёти таълимиву методӣ барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ ба теъдоди умумии 4 млн. 674 ҳазор нусха нашр гардид, ки нисбат ба соли 2023 340 ҳазор нусха зиёд мебошад”, - иттилоъ додааст вазрорат.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар вазорати маорифи Тоҷикистонит вохӯрии вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мутасаддиёни бахши китобдории раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи норасоии китобҳои дарсӣ баррасӣ шуд.
Дар ин ҷаласа вазир аз масъулин хост, ки бо мақсади аз байн бурдани норасоии адабиёти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо ҳамкории китобдорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ҳангоми пешниҳоди эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ саҳлангорӣ накарда, дархости китобҳои дарсиро дуруст ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод намоянд.
“Кори мо нест” – Вазорати маориф афзоиши ҳаққи кӯдакистонҳоро шарҳ дод
Дар Рӯзи дониш Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз камбудиҳои соҳаи маориф интиқод кард ва ба масъулин, аз ҷумла вазири маориф ва илм барои бартараф кардани он ду сол муҳлат дод.
Норасоии омӯзгорон, таъмирталаб будани мактабҳо, рақамикунонии соҳаи маориф, норасоии китобҳои дарсӣ, таъмин набудани мактабҳо бо синфхонаҳои фаннӣ, ҷамъоварии маблағ аз хонандагон, ҷалби хонандагон ба истиқболи мансабдорони давлатӣ аз муҳимтарин масоиле буд, ки раисҷумҳур зимни суханрониаш ишора кард.
Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ гуфт, ки норасоии китобҳои дарсӣ мушкили ташвишовари соҳаи маориф аст, ки боиси паст гардидани сифати таҳсил мегардад.
“Вазорати маориф ва илм муассисаҳои таҳсилоти умумиро дар муддати ду сол бо китобҳои дарсӣ пурра таъмин карда, барои дар оянда бо адабиёти ёрирасони таълимӣ, илмӣ, дастурҳои методӣ, роҳнамои омӯзгор ва усули таълим аз ҳар як фанни таълимӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои фаврӣ андешад”,‑ таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.
Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ба ҳолати охири соли 2022 дар мактабҳои кишвар 44 номгӯй китоби дарсӣ бо теъдоди тақрибан 500 ҳазор нусха намерасад.