Расонаҳо: барномаи Трамп оиди депорти муҳоҷирон аз рейд дар Чикаго сар мешавад

Ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Чикаго шурӯъ мешавад ва ба ин кор 200 корманди пулис ҷалб шуда, рейд як ҳафта давом меёбад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Президенти интихобшуда Доналд Трамп ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонуниро аз Чикаго оғоз мекунад, хабар медиҳад Wall Street Journal.
Тибқи иттилои манбаъ, рейдҳо рӯзи сешанбе як рӯз пас аз маросими савгандёдкунӣ оғоз мешаванд.
"Чикаго ҳадафи аввал хоҳад буд, тақрибан 200 корманди пулис ба ин кор ҷалб мешаванд",- меависад манбаъ.
Интизор меравад, ки рейдҳо як ҳафта давом мекунанд.Мақомоти ИМА ният доранд, ки дар Лос Анҷелес, Ню - Йорк, Денвер ва Майами низ чунин чорабиниҳо баргузор кунанд.
Маск демократҳоро дар истифода аз муҳоҷирони ғайриқонунӣ ҳангоми овоздиҳӣ муттаҳам кард
Пештар, Трамп ваъда дод, ки дар таърихи Амрико бузургтарин ихроҷи оммавии муҳоҷирони ғайриқонунӣ, ки дар замони раёсати Байден сафи онҳо рекордӣ шуд, анҷом медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дар Чикаго шумораи зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон низ ба сар мебаранд.