Раҳмон ҷаласаи васеи ҳукумат баргузор кард

Президенти Тоҷикистон дар нахустин ҷаласаи васеи ҳукумат дар соли 2025 вазифаҳои асосиро муайян ва тағйироти дар пешистодаро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи васеи ҳукумат таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон оғоз шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии сарвари давлат.
Гуфта мешавад, дар нахустин ҷаласаи васеи соли равон раисҷумҳур натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар соли 2024 баррасӣ карда, вазифаҳои асосӣ барои соли 2025 муайян карда шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, дар ҷаласа тамоми раҳбарият ва аъзои ҳукумат, раҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва воҳидҳои сохтории он ширкат мекунанд.
Идомаи тағйиротҳои кадрӣ: Раҳмон дар Прокуратура ва вазорати дифоъ кадрҳои нав таъйин кард
Дар маҷлис инчунин роҳбарони ҳамаи вазорату идораҳо, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру навоҳӣ, корхонаҳо ва муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар иштирок доранд.
Илова бар ин дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон намояндагони бахши молия, намояндагони бонкҳои давлатию саҳомӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳузур доранд.
Тафсилоти бештари ҷадасаи васеи ҳукумат то нашр шудани ин матлаб маълум набуданд